Ба гузориши хабаргузории Абно, Маҳдӣ Ал-Машшат, раиси Шӯрои олии сиёсии Яман гуфт: мо дар баробари ҳамаи шаҳидони миллати худ ӯҳдадор мешавем, ки аз қотили кӯдакон ва занон, «Шохи шайтон» (Арабистони Саудӣ) интиқом бигирем.
Вай афзуд: мо «Шохи шайтон»-ро барои ҷиноятҳояш алайҳи мардуми Яман ҷазо хоҳем дод.
Ӯ гуфт: «Шохи шайтон» бозорҳо ва хонаҳои истиқоматиро ҳадаф мегирад, тавре ки сионистҳо мекунанд.
Ин дар ҳолест, ки сухангӯи тандурустии Яман эълон кард: дар ҷинояти душмани саудӣ алайҳи минтақаҳои истиқоматӣ дар деҳаи Шария дар шаҳри Банӣ Ҳашиш дар Саноъ 25 нафар ба шаҳодат расиданд ва 30 нафари дигар захмӣ шуданд.
Your Comment